Обуҳавошиносон зимистони имсола дар Тоҷикистонро муътадил пешгӯӣ мекунанд.
Сардори шуъбаи пешгӯиҳои гидрометеорологии Муассисаи давлатии гидрометеорологии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки моҳи декабр ҳаво нисбатан гарм омада, аз 3 декабр боронҳо шурӯъ мешаванд. Дар ҳамин ҳол, аз кай боридани барф дар шаҳрҳо маълумот дода нашуд.
Обуҳавошиносон моҳи январ ҳарорати нисбатан сардро пешгӯӣ мекунанд. «Соли гузашта моҳи феврал сард омада, моҳҳои декабр ва январ нисбатан гарм буданд. Имсол мо моҳи январро сард ва моҳи февралро нисбатан гарм пешгӯӣ мекунем», - гуфт Байдуллоева.
Ба гуфтаи ӯ, ин пешгӯӣ дар ҳамдастӣ бо хадамоти гидрометеоролгии Русия омода шудааст. Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносони амрикоӣ низ, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ обуҳаворо пешгӯӣ мекунанд,муътадил омадани зимистони имсола дар Тоҷикистонро тасдиқ кардаанд.
«Тамоми муддати моҳҳои зимистон поинравии ҳарорати ҳаво, боридани барф дар назар буда, ҳарорат муътадил, сард, вале на он қадр хунукии шиддатнок чун дар соли 2008 хоҳд буд», - афзуд Байдуллоева.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста