Аъзои диаспораи тоҷикон дар ИМА - Tajik Community In USA ба ду оила аз Тоҷикистон, ки фарзандонашон ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз доштанд, кумак карданд.
Дар бораи яке аз оилаҳо - оилаи Ҳафизовҳо аз ноҳияи Ҳисор дар «Азия-Плюс» мавод ба нашр расида буд. Фарзанди ин оила - Муҳамммадҷон Ҳафизов ба ҷарроҳии таъҷилӣ эҳтиёҷ дорад, ки барои ин 4 ҳазор доллари ИМА маблағ зарур аст. Маълумоти муфассалро бо ин суроға дарёфт карда метавонед.
Дар бораи оилаи Эмомиддин Холов ҳамкорон аз хабаргузории «Озодагон» навишта буданд. Ба Эмомиддини 21-сола таъҷилан иваз кардани гурдаҳояш зарур аст. Ҷавон 3 моҳ дар сафҳои артиш хизмат карда, дар ҳолати вазнин ба бемористон бистарӣ шуд ва бо ин сабаб ӯро аз хизмат ҷавоб доданд. Барои амалиёти ҷарроҳии ӯ ҳудуди 10 ҳазор доллари ИМА маблағ зарур аст. Маълумоти муфассалро бо ин суроға дарёфт карда метавонед.
Намояндаи диаспораи тоҷикон дар ИМА Далер Назаров дар идораи хабаргузории «Азия-Плюс» ба ҳар кадоме аз ин ду оила 1 ҳазор доллари ИМА маблағ супурд.
Муассиси диаспора дар ИМА Аскаралӣ Саидов қайд кард, ки дар ҷамъоварии кумак ба оилаҳои Ҳафизовҳо ва Холовҳо роҳбари кунунии Tajik Community In USA Исмоил Шарипов фаъолона саҳм гузоштааст.
Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» аз номи худ ва хешону наздикони оилаҳои Муҳаммадҷон ва Эмомиддин ба ҳамаи ҳамватанони айни замон муқими ИМА, ки ба ин мушкилот расидагӣ карданд, самимона миннатдорӣ изҳор менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста