Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба омӯзиши тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шурӯъ намуд.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов дар ин робита иттилоъ дод, ки тағйироту илова ба қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунгузории муосир ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани баъзе номутобиқатиҳои дохилӣ, инчунин ба танзим даровардани номгузории ба пояҳои таърихӣ ва фарҳангии миллии тоҷикӣ асосёфта ва худдорӣ намудан аз номгузории бегона бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи тағйироту иловаҳо, ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад, ки тифлони худро мутобиқи меъёрҳои фарҳанги миллии мардуми тоҷик номгузорӣ кунанд.
Аз шарҳу тавзеҳоти минбаъда дар робита ба ин масъала манбаъ худдорӣ варзида, изҳор намуд, ки палатаи поёнии палатаи парлумон ҳоло аз 30 ноябр ба омӯзиши ин масъала оғоз кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста