Рӯзи 30 ноябри соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар чорабиние, ки сафорати Фаронса дар шаҳри Душанбе бахшида ба ёдбуди Карин Манн баргузор намуд, ширкат варзида, дар назди лавҳаи ёдгории ӯ (дар кӯчаи Карин Манни шаҳри Душанбе) гулчанбар гузошт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, шаҳрванди Фаронса Карин Манн собиқ масъули ташкилоти ғайриҳукуматии "Духтурон бидуни марз" аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша ба гарав гирифташуда, 30 ноябри соли 1997 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
Гуфта мешавад, баъд аз марги Kaрин Манн Марказе, ки моҳи июни соли 1997 дар назди Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд, «Маркази роҳнамоии касбии кӯдакон» ба номи Карин Манн номида шуд ва ин ташкилот зиёда аз 17 сол барои манфиати кӯдакони осебпазир фаъолият мекунад.
Зимнан зикр мегардад, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи Карин Манн номида шудааст. Дар моҳи июни соли 2007 ба муносибати 10-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Карин Манн бо ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста