Ҳамасола санаи 1 декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) таҷлил мегардад. Айни замон Вирусии норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) миқёси пандемия (вабое, ки қисми зиёди аҳолии мамлакат ва гурӯҳи кишварҳоро фаро мегирад)-ро ба худ касб намуда, дар тамоми манотиқи ҷаҳон паҳн мешавад.
Бино ба маълумоти Барномаи муттаҳидаи СММ оид ба ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД), ҳодисаҳои нахустини гирифторӣ ба ин беморӣ соли 1981 ба қайд гирифта шуда, то ин замон дар саросари ҷаҳон тақрибан 78 млн. нафар ба ин беморӣ мубтало ва ҳудуди 39 млн. нафар аз касалиҳои марбут ба ин беморӣ фавтидаанд. Айни замон дар ҷаҳон беш аз 35 млн. нафар ба ин беморӣ гирифторанд.
Аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин рӯз дар Тоҷикистон дар фурудгоҳи пойтахт, идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон барои муҳоҷироне, ки азми сафар доранд, қайд шуда, ҳамчунин дар чанде аз мактабҳо маъракаи огаҳӣ ёфтан аз ВНМО/БПНМ гузаронида мешавад.
Аз Вазорат хотиррасон намуданд, ки аз 22 то 28 ноябр дар тамоми дармонгоҳҳо (клиникаҳо)-и ҷумҳурӣ ҳафтаи санҷиши ихтиёрӣ гузаронидан аз гирифторӣ ба бемории ВНМО/БПНМ баргузор шуд.
Айни замон шумори гирифторон ба бемории ВНМО/БПНМ дар Тоҷикистон 5 ҳазору 952 нафарро ташкил медиҳад. Танҳо давоми соли равон 884 нафар тоҷикистониён аз ин беморӣ сироят ёфтаанд.
Аз замони сабти нафари аввали ба ин беморӣ мубталошуда дар Тоҷикистон дар соли 1991, то имрӯз 7 ҳазору 402 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин беморӣ сироят ёфта, тӯли ин солҳо 1 ҳазору 450 нафар аз касалиҳои марбут ба ин беморӣ фавтидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста