Бо қарори раиси вилояти Суғд аз 26 ноябри соли равон Барномаи «Эҳёи анъанаҳои миллии сафедоршинонӣ барои солҳои 2016-2020» қабул карда шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин барномаи бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ, истифода аз чӯбу тахтаҳои дарахтони сафедорҳои зудбавоярасанда ва ба ин васила коҳиш додани воридоти чӯбу тахта аз хориҷи кишвар рӯйи кор гирифта мешавад.
Гуфта мешавад, мақсади асосии Барнома дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти чӯбӣ дар бозорҳои дохилии кишвар буда, инчунин амалигардонии он барои беҳтар намудани шароити иқтисодии мардум ва бо ин роҳ кам кардани сатҳи муҳоҷирати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар гардида, ба беҳдошти вазъи муҳити зист, кам сохтани таъсири антропогенӣ ба ҷангалҳои табиӣ мусоидат менамояд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон бунёди сафедорзорҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба самаранокии парвариши дарахтони зудбавоярасанда дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоят, эмин нигоҳ доштани қабати болоии замин, минтақаҳои муҳофизатии ҷангалзорҳо, мубориза бо биёбоншавӣ ва пешгирии эрозияи заминҳо, пайдо кардани даромадҳои иловагӣ аз фурӯши чӯби корӣ, ҳезум ва дигар масолеҳи аз чӯб тайёршаванда ва ғайраҳо саҳми назаррас дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста