Моҳи июли соли равон, ҳангоми рух додани офати табиӣ дар ВМКБ, сокинони якчанд ноҳияҳо зарар диданд. Хонаву хоҷагиҳо хароб гашта, садҳо мардум бе манзил монданд. Оилаи серфарзанди Амалбегим Абдулназароваи 75-солаи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон низ аз ҷумлаи ин осебдидагон буд. Амалбегим бо оилааш дар хонаи худ тӯли 40 сол зиндагӣ карда, 11 фарзандро ба воя расонидааст.
«Пас аз таъмир мо ба тоза кардани хона машғул будем, ки кормандони КҲФ омада, аз мо хоҳиш карданд, то ба ҷои бехатар бароем. Рӯзи дигар вақте ман ба хона омадам, дидам, ки ғайр аз шохаҳои баландарини дарахте, ки солҳои зиёд онро парварида будам, дигар аз ҳеҷ чиз ному нишон намондааст. Аввал ман фикр кардам шояд роҳгум зада бошам ва ба ҷои дигаре омадаам, вале баъдтар фаҳмидам, ки ин хонаи ман аст ва аз он нишоне боқӣ намондааст” – он рӯзҳои сахтро ба ёд меорад Амалбегим.
Ширкати Tcell аз буҷаи худ барои оилаи Амалбегим хонаи нав сохта, онро бо таҷҳизоти лозимӣ таъмин намуд. Он рӯз ғайр аз оилаи Амалбегим оилаҳои зиёде низ зарар диданд. «Табиист, ки дар чунин ҳолат ширкати Tcell бетафовут набуд ва баъди рух додани офати табиӣ дар ВМКБ, ширкат бо мақсади ҷамоварии маблағ барои осебдидагон рақами кутоҳи 5005-ро кушод. Ҳангоми тамос бо рақами мазкур ва ё ирсоли СМС муштарӣ барои ниёзмандон саҳми худро мегузорад. Хамчунин дар соатҳои нахустини ин фоҷиа ширкати мо ба муштариёне, ки дар минтақаҳои хатарнок қарор доштанд, паёмакҳои огоҳикунандаи хатар ирсол кард, ки барои чандин нафарон саҳми арзанда гузошт» – мегӯяд директори генералии ширкати Tcell, Миндаугас Убартас.
Tcell – чун ҳамеша ғамхор!




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста