Дар шаҳри Красноярски Русия санаи 6 декабр таҳти унвони ««Маликаи Осиё - Сибир 2015» (Мисс Азия — Сибирь 2015) озмуни зебоӣ доир мегардад. Дар сомонаи газетаи интернетии Newslab.ru овоздиҳӣ сурат гирифта, аз рӯи натиҷаҳои он яке аз духтарон ба унвони «Маликаи овоздиҳии онлайн» соҳиб мешавад.
Дар кастинг 15 нафар иштирокчиён аз Русия, Бошқирдистон, Тотористон, Тува, Хакасия, Якутия, Қирғизистон, Тоҷикистон, Лаҳистон (Полша) ва Украина интихоб шудаанд. Тоҷикистонро дар озмуни мазкур Сайёра Мунаввароваи 20-сола намояндагӣ мекунад, ки муқими шаҳри Красноярск аст.
Сайёра дар бораи худ навиштааст: «Зиндагиро дӯст дошта, онро тавре ки вуҷуд дорад, мепазирам. Ҳамаи амалҳои неку мусбат ва беҳбудиро ба зиндагии худу дӯстонам ва наздиконам ворид карданиам. Хушбахтии бузург барои зан ва оиларо орзу дорам. Ин арзиши аслист. Пул ва комёбӣ он вақте насибат мешавад, ки агар хушбахт бошӣ!».
Барои дастгирии ҳамдиёри худ ба суроғаи http://newslab.ru/Contest/MissAsia2015/photo/688673 ворид шуда, ба ҷонибдории ӯ овоз дода метавонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста