Ҳодисаи заминларзаи дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рухдода, ки сабаби ба вуҷуд омадани хисороти молӣ ва ҷонӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Бадахшон гардид, тоҷикони Федератсияи Россияро низ бетараф нагузошт.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз он ҷумла, бо ташаббуси раиси Маркази Фарҳанги Тоҷикони Россия ва ҷамъияти «Тоҷикон»-и вилояти Твери Федератсияи Россия Муқим Майбалиев ба суратҳисоби махсуси барои зарардидагон кушодашуда маблағи муайяни пулӣ гузаронида шуд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин, Маркази Фарҳанги Тоҷикони Россия ва ҷамъияти «Тоҷикон»-и вилояти Твери Федератсияи Россия тасмим гирифтаанд, ки дар деҳаи Рухчи ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон ба ҷойи мактаби рақами 35, ки аз офати табиӣ зарар дидааст, мактаби нави замонавӣ бо тамоми таҷҳизоташ бунёд намоянд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 28 август ба ифтихори ҷашни 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон раиси Маркази Фарҳанги Тоҷикони Россия ва ҷамъияти «Тоҷикон»-и вилояти Твери Федератсияи Россия Муқим Майбалиев бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста