Аввалин бозии бурдноки аксияи "Биёву бубар" доир гардид. Ин бозии бурднок ҷузъи барномаҳои бурдноки суғуртаи тиббии ташкилоти "Суғуртаи миллӣ" ба мизоҷон буда, дар ин аксия дорандагони полисҳои суғуртавии ду барномаи ҷадид "Классик" бо пардохти суғуртавии 160 сомонӣ ва "Нуқрагӣ" бо пардохти суғуртавии 260 сомонӣ ширкат варзиданд.
Дар бозии бурдноки аввал ду шоҳҷоиза бо маблағи 5 000 ва 10 000 сомонӣ ва ҷоизаҳои дигар мавриди бозӣ қарор гирифтанд. Ғолиби шоҳҷоизаи пулии барномаи "Классик", ки аз 5 000 сомони иборат буд, Фозилов Олимҷон ва ғолиби шоҳҷоизаи барномаи "Нуқрагӣ" бо маблағи 10 000 сомонӣ Ҳамроев Саидаҳмад гардиданд.
Ин иқдоми "Суғуртаи миллӣ" дар кишвар бесобиқа буда, ҳадафи аслии он ҷалби бештари таваҷҷӯҳи мардум ба суғуртаи тиббӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки имрӯз суғуртаи тиббӣ роҳи аз ҳама босамари ба танзим даровардани бозори хизматрасониҳои тиббӣ дар кишвар ба шумор меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми "Суғуртаи миллӣ" идома дорад. Ҳар сокини Тоҷикистон бо харидории полисҳои суғуртавии яке аз се барномаи «Классика», «Нуқрагӣ» ва «Тиллоӣ» на танҳо саломатии худро барои як сол суғурта мекунад, ҳамчунин дар чанд аксияи бурднок иштирок намуда, имкон хоҳад дошт, то яке аз 9 бурди молӣ ва ё шоҳҷоизаҳоро ба маблағи 5000, 10000 ва 20000 сомонӣ бурд намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста