То охири моҳи декабр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт арчаи солинавӣ бо баландии 25 метр қомат меафрозад.
Тавре як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Уайдулоев, арчаи солинавӣ бояд то санаи 30 декабр гузошта шавад. «То 16 декабр дақиқан маълум хоҳад шуд, ки арча бо чӣ асбобу лавозимоти орошӣ зебу зинат дода мешаваду ин кор ба зиммаи кӣ гузошта мешавад», - гуфт манбаъ.
Кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки ба ҳаҷми маблағи масрафмешуда аз буҷети шаҳр барои гузоштани арчаи солинавӣ дар пойтахт рӯшанӣ андозхта шавад, вале ҳеҷ касе аз мақомоти шаҳрдорӣ ин масъаларо шарҳ додан нахост.
Шоми 31-уми декабр дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе бо иштироки овозхонони маъруфи эстрадаи тоҷик чорабинии идона доир мегардад. Чорабинии идона соати 18:00 оғоз ва муддати 2 соат идома ёфта, бо фейерверки 5-дақиқаина анҷом мепазирад.
Соли гузашта арчаи солинавии 22-метраро рӯзи 27 декабр гузошта буданд. Ороиши он аз арчаҳои солинавии пешин бакуллӣ фарқ дошта, қуллаи (нӯг)-и онро тоҷи дурахшанда ҳамчун рамзи тоҷикон ва ситораҳо зебу оро медоданд. Ҳамчунин дар қуллаи арча монитори рушноидиҳандаи диодӣ насб шуда буд, ки онро табрики шаҳрвандон бо соли нав зинат бахшида буд.
Дар ҳамин ҳол мутобиқи қарори раиси пойтахт, соли равон дар остонаи фарорасии соли нави милодӣ дар тамоми бозорҳои шаҳр аз 21 то 31 декабр ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум бо нархҳои дастрас доир мегарданд.
Рӯзҳои 29-30 декабр дар бинои Сирки пойтахт барои толибилмони аълохони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Душанбе ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат намоишномаи идонаи солинавӣ барпо мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста