Сатҳи маргу мир бар асари нимсерӣ ё нимгушнагӣ дар Тоҷикистон 34,9% аз мизони маргу мири умумӣ миёни кӯдаконро ташкил медиҳад. Дар ин бора бо такя ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар ҶТ Си.Си.Ю ба журналистон хабар дод.
«Намедонам то куҷо ин маълумот саҳеҳ аст, аммо барои нигаронӣ аз вазъи таъмини амнияти ғизойӣ, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба он кофист», - иброз дошт Си.Си.Ю.
Ӯ қайд кард, ки муддати се соли наздик БОР ният дорад, ки ду лоиҳаи марбут ба беҳбуди вазъи таъъмини амнияти ғизойӣ дар ҷумҳуриро маблағгузорӣ намояд.
Номбурда таъкид дошт, ки амалисозии лоиҳа оид ба идоракуни захираҳои обӣ низ дар назар аст, ки яке аз таркибҳои он ба беҳтар намудани вазъи низомҳои обёрӣ нигаронида шудааст. «Беҳбуди ин низомро мо ба сифати яке аз таркибҳои беҳбуди таъмини амнияти ғизойӣ дар Тоҷикистон баррасӣ мекунем», - гуфт намояндаи БОР.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2017 амалисозии лоиҳа оид ба беҳбуди таъмини амнияти ғизойӣ ба нақша гирифта шудааст. «Айни замон мо таҳқиқот мегузаронем, то ки самтҳои корамон дар ин масъала муайян карда шавад. Бо эҳтимоли қавӣ метавон гуфт, ки қисматҳои ин лоиҳа истеҳсол ва тақсимоти маҳсулоти ғизойӣ хоҳад буд», - афзуд намояндаи бонк.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста