Роҳбари комиссияи ҳукумат оид ба бартараф кардани оқибатҳои заминларза дар ВМКБ, муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим рӯзи 16 декабр бо аҳолии деҳаҳои Батчор, Морҷ, Оқмаҳмад ва Роҳи нави ноҳияи Шуғнон мулоқот кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, бо хулоса аз ин вохӯрӣ А.Иброҳим ба раҳбарияти ноҳия дастур додааст, ки рӯйхати дақиқи оилаҳои осебдида аз заминларза тартиб дода шавад, то ки ба онҳо ояндаи наздик кумаки моддӣ расонида шавад.
Ёдрас мекунем, ки дар қаламрави вилояти Бадахшон бар асари заминлраза 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд. 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд. Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста