Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бори навбатӣ ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастур дод, ки дар ҷашни Соли нави милодӣ нишони асосии ин ид - арчаро дар муассисаҳо нагузоранд.
Дар супориши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 21 декабр гуфта мешавад, гузоштани ҳама гуна навъи арчаи зиндаву сунъӣ манъ аст.
«Буридани арча ва гузоштани ягон намуди арча, истифодаи ҳама гуна маводи пиротехникӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ, сайру гашт ва дар тарабхонаҳо ташкил намудани чорабиниҳои солинавӣ дар муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ аст», - қайд мешавад дар супориш.
Ҳамчунин Вазорати маориф ва илм тавсия медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани чорабинии солинавӣ таҳияи рӯзномаи деворӣ, баргузории маҳфилҳои адабӣ, фарҳангӣ ва бозиҳои варзишӣ ба роҳ монда шавад.
Ғайр аз ин, дар дастури вазири маориф ишора мешавад, ки дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз 25 то 31 декабр ва 1 январи соли 2016 аз ҷумлаи шахсони масъул бояд навбатдорӣ ташкил гардида, оид ба масъалаи амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятии зиддисӯхтор дар муассисаҳо чораҷӯӣ карда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста