Анонс

- Дар кинотеатри Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (собиқ «Зебуннисо») дар доираи Рӯзҳои кинои эронӣ дар Душанбе намоиши филми коргардони эронӣ Ризо Миркаримӣ «Як ҳабба қанд» баргузор мешавад. Оғоз соати 14-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.9114 сомонӣ;

1 евро – 7.5625 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.10 25 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1959 — Дар майдони ҳавоии Сталинобод нахустин ҳавопаймои ИЛ-18 фуруд омад.

2002 – Дар Бишкек ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ оғоз гардид.

2009 — Президенти ҶТ бо намояндагони бахши илму маориф мулоқот кард.

2011 – Ширкати «Тоҷик Эйр» нахустин шуда дар ИДМ ба истифодаи ҳавопаймоҳои тамғаи МА-60 оғоз кард.

1910 — Мавлуди шоири русзабони Тоҷикистон Николай Лесной.

1953 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Сироҷев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо боришоти начандон зиёд, рӯзона  бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -4-98, рӯзона 0+5.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо боришоти начандон зиёд, рӯзона  бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -6-11, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -19-24, рӯзона -10-15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо боришоти начандон зиёд, рӯзона  бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -4+1. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона боришоти начандон зиёд, рӯзона  бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.     

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона 0+2.