Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид аз 21 декабр, сарфи назар аз шакли моликият, тамоми толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз 1 то 31 январи соли 2016 ба таътили зимистона мебароянд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, дар ин фармоиш вазир ба ҳамаи роҳбарони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳр ва ноҳияҳо, ҳамчунин директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастур додааст, ки дар вақти таътили зимистона барои толибилмоне, ки дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ иштирок мекунанд, машғулиятҳои иловагӣ ташкил намоянд.
Вазир ҳамчунин супориш додааст, ки рӯйхати адабиёти бадеиро, ки хонданаш ба толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар давраи таътили зимистона тавсия дода мешавад, тартиб диҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста