Зимни мулоқоти вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид бо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Бираҷа Прасад ҷараёни амалисозии тавофуқҳои ҳосилшуда миёни кишварҳо дар соҳаи илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, Нурддин Саид қайд кардааст, ки дар асоси Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои техникиву иқтисодии Ҳиндустон оид ба мубодила дар соҳаи маориф (ITEC), ҳамасола ҷиҳати омӯзиши забони англисӣ ва дигар ихтисосҳои техникиву иқтисодӣ барои даҳҳо муҳаққиқон, аспирантҳо, коромӯзон ва омӯзгорони тоҷик бурсияи таҳсилӣ ҷудо гардида, онҳо дар Ҳиндустон таҷриба меандӯзанд.
Вазири маориф ва илм қайд кард, ки айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон зиёда аз 140 нафар шаҳрванди Ҳиндустон таҳсил мекунанд.
Зимнан зикр гардид, ки барои қонеъ сохтани талаботи муассисаҳои таълимии типи нави кишвар ба омӯзгорони забони англисӣ ва фанҳои дақиқ, шумори муайяни омӯзгорони Ҳиндустонро Тоҷикистон барои кор ба ҷумҳурӣ даъват мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста