Анонс

- Дар пойтахти Тоҷикистон машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз мегарданд, ки нахустин вохӯрӣ миёни намояндагони кишварҳо дар чунин сатҳ аст;

- Дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардида, дар он 6 созишнома аз рӯи лоиҳаи CASA-1000 тасдиқ мешаванд;

- Дар кинотеатри «Зебуннисо» дар доираи Рӯзҳои кинои эронӣ дар Тоҷикистон намоиши филми коргардони эронӣ Мозиёри Мирӣ «Ҳавзаи наққошӣ» барпо мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.9212 сомонӣ;

1 евро – 7.5586 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.102 7 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1962 – Агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.

1932 – Сохтмони роҳи мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа ба итмом расид.

2001 — Зимни гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои гуногуни Ӯзбекистон дар Тошканд 12 созишнома дар бораи ҳамкориҳои мутақобилан судманд омода шуданд.

2008 — Ба муносибати 100-солагии олими маъруфи тоҷик, муаррих, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров маҷлиси ботантана ва конфронси илмӣ доир гардид.

1934 – Зодрӯзи олим Муҳаммадалӣ Мадиброҳимов.

1942 – Мавлуди Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷурабек Муродов.

1943 – Зодрӯзи забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҳуснигул Талбакова.

1957 – Мавлуди доктори улуми бахши байторӣ, профессор Иззатулло Сатторӣ.

1961 – Зодрӯзи журналист Набӣ Набизод.

1962 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳаётой Мӯъминова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -7-12, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -22-27, рӯзона -8-13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -2+3. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.     

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона 0+2.