Зимни суханронӣ дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи 24 декабр раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев хотиррасон намуд, ки тибқи пешгӯиҳо, дар робита ба буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои хориҷӣ, бозгашти оммавии муҳоҷирони кории тоҷик аз ин давлатҳо дар назар аст.
Тавре аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, раиси пойтахт ба Раёсати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳр дастур додааст, ки дар ҳамдастӣ бо сохторҳои дахлдори дигар оид ба таъсиси ҳарчӣ бештар ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои таъҷиливу муассир андешанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин супориш додааст, ки мутобиқи талаботи бозори кор фаъолияти биржаҳои меҳнат бозбинӣ ва аз нав ташкил карда шавад.
Зикр гардид, ки тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ба 704 нафар бекорони расмӣ ба сифати кумак 466 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста