Бо дастури президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар аз номи ҳукумати Озарбойҷон ба осебдидагон аз заминларзаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки башардӯстона фиристод.
Бино ба маълумоти АЗЕРТАДЖ бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Озарбойҷон, кумаки башардӯстона бо арзиши умумии 800 ҳазор манати озарбойҷонӣ аз 9,5 тонна қанд, 9,5 тонна шакар, 15 тонна биринҷ, 3 тонна чой, беш аз 16 тонна равғани растанӣ, 19 тонна орд, 19 тонна макарон, зиёда аз 18 тонна вермишел, 2000 адад маҷмӯи лавозмиоти ҷойхоб (кӯрпаву кампал ва ғайра), 50 адад генератор, 110 адад хайма, 6000 метри мураббаъ масолеҳи бомпӯш (шифери оҳанӣ) ва 30 метри мураббаъ чӯб иборат аст.
Гуфта мешавад, дар маросими фирстодани кумаки башардӯстона муовини вазири ҳолатҳои фавқулодаи Озарбойҷон, генерал-лейтенант Фаиг Тагизаде ва котиби якуми сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон Салими Хатлонӣ иштирок кардаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста