Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба қурбониёни зилзилаи харобиоваре, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон 7 декабр соли ҷорӣ рух дод, кӯмаки башардӯстонаро ба ҳаҷми умумии 84 ҳазор евро таъмин карда истодааст.
Зиёда аз 36000 евро ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас мегардад то ин Ҷамъият кӯмаки хеле зарурро зудтар ба 195 хонаводаҳои осебпазир таъмин намояд. Хонаводаҳои мазкур иборат аз 935 нафар, аз ҷумла якчанд фарзанду маъюбон доранд, асбобҳои пухтупаз, бастачаҳои беҳдоштӣ ва ғизо хоҳанд гирифт. Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо беш аз нисфи маблағе, ки дар муроҷиатномаи Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба Фонди ҳолатҳои фавқулода ишора шудааст, мепӯшонад. Чунин муроҷиатнома дар вақте пешниҳод мегардад, ки Ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва ё Ҳилоли Аҳмар барои вокуниш ба офати табиӣ ба таври таъҷилӣ маблағ гирифтанӣ шавад.
Созмонҳои шарики Комиссияи Аврупо, ки барномаи паст кардани хатари офатҳои табииро ("ДИПЭКО") амалӣ месозанд, тавонистанд ба дар ин ҳолати фавқулодда зуд ҷавоб диҳанд. Масалан, ташкилоти "ФОКУС" - яке аз созмонҳои шарики Иттиҳоди Аврупо дар ҷодаи расонидани кӯмаки башардӯстона - дар ин минтақа доимо ҳузур дошта, кӯшиш мекунад, ки талошҳои дигар ташкилоту созмонҳо дар вокуниш ба офатҳои табиӣ ҳамоҳанг намояд: ин созмон низ арзёбии ниёзҳои мардуми зарардидаро гузаронида, дархостҳоеро оиди мазмуни кӯмаки фаврии башардӯстонаро ба таври мутамарказ омода мекунад. Созмони "Оксфам" - дигар шарики Комиссияи Аврупо – аз маблағҳои "ДИПЭКО" 48 ҳазор евроро ҷудо кардааст то қурбониёни зилзиларо бо кампалҳо, либосҳои зимистона, бастачаҳои беҳдоштӣ ва дигар ашёи ниёзи хонаводаҳо таъмин намояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста