Давоми соли 2015 дар саросари ҷаҳон 110 журналист бинобар сабаби фаъолият ё бо сабабҳои номаълум кушта шуданд.
Дар гузориши созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи «Хабарнигорони бидуни марз» (RSF) дар ин робита зикр мегардад , ки 67 нафар рӯзноманигорон бинобар сабаби фаъолияти касбиашон ба ҳалокат расидаанд.
«Дар аксари кишварҳо журналистон бо эҷоди ххатар барои худ фаъолият мекунанд, чунки сари мавзӯъҳои мубрам кор карда, шахсони мансабдор (ба ҳукумат наздик)-ро мавриди интиқод қарор медиҳанд. Маълумоти оморӣ гувоҳи он аст, ки талоши ҷомеаи байнулмилалӣ баҳри коҳиши зӯроварӣ нисбати рӯзноманигорон самараи дилхоҳ намедиҳад», - гуфтааст наояндаи RSF Бритта Хилперт.
Ҳамчунин дар гузориш иттилоъ дода мешавад, ки соли сеюм аст, ки пайдарпай Сурия кишвари аз ҳама хатарноктарин барои журналистон боқӣ мемонад. Ба ном Давлати исломии дар қаламрави ин кишвар низ амалкунанда ба марги 40% аз шумори умумии журналистон имсол кушташуда масъул аст.
Ғайр аз ин, дар рӯйхати кишварҳои хатарноктарин барои фаъолияти журналистон Ироқ, Бангладеш, Судони Ҷанубӣ ва Яман ном бурда шудаанд. Дар ҳар кадоме аз ин кишварҳо бинобар сабаби фаъолияти касбӣ 5 нафарӣ журналистон кушта шудаанд. Фаронса бори нахуст дар сафи кишварҳо ноамн барои кормандони ВАО қарор гирифт.
Рӯзи 7 январ ба идораи ҳафтавори ҳаҷвии фаронсавии Charlie Hebdo бо нидоҳои «Аллоҳу Акбар» террористон ворид шуда, кормандони ин ҳафтаворро паррониданд. Дар натиҷа 10 корманди ҳафтавор ва 2 корманди пулис ба ҳалокат расиданд.
Рӯзи дигараш дар Монруже, ҷанубии шаҳри Париж низ тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваста, як корманди пулис ҳалок ва 1 корманди дигар захмӣ шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста