Дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе арчаи солинавии баландиаш 25 метр гузошта шуд. Дар қуллаи арча монитори рушноидиҳандаи диодӣ насб шудааст, ки онро табрики шаҳрвандон бо соли нав ва ҳамчунин рамзҳои 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, ки соли оянда ҷашн гирифта мешавад, зебу зинат медиҳанд.
Директори Муассисаи давлатии «Рекламаи беруна ва ороиши шаҳри Душанбе» Наврӯз Юнусов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар арчаи солинавӣ ба ҷойи бозичаҳо пуфакҳои рӯшноидиҳандаи диодӣ бо рангҳои парчами Тоҷикистон насб мешаванд. «Ҳамчунин мониторҳое низ гузошта хоҳанд шуд, ки гузоришҳо бахшида ба дастовардҳои муҳими соли равонро намоиш медиҳанд», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки барои сайругушатҳои оммавии сокинон ва таҷлили ҷашни Соли нав аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ то шаршараи Наврӯзгоҳ хиёбони идона омода гардида, боғи фароғату фарҳанги Рӯдакӣ низ идона оро дода мешавад.
Шоми 31-уми декабр дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе бо иштироки овозхонони маъруфи эстрадаи тоҷик чорабинии идона доир мегардад. Чорабинии идона соати 18:00 оғоз ва муддати 2 соат идома ёфта, бо фейерверки 5-дақиқаина анҷом мепазирад.
Мутобиқи қарори раиси пойтахт, соли равон дар остонаи фарорасии соли нави милодӣ дар тамоми бозорҳои шаҳр аз 21 то 31 декабр ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум бо нархҳои дастрас доир мегарданд.
Рӯзҳои 29-30 декабр дар бинои Сирки пойтахт барои толибилмони аълохони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Душанбе ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат намоишномаи идонаи солинавӣ барпо мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста