Анонс

- Дар спорт-бари «Истиқлол» консерти пуршукӯҳи солинавии ситораи эстрадаи шоу-бизнеси тоҷик ва қазоқ Парвиз Назаров доир мегардад. Оғоз соати 20-00. Суроға: хиёбони Дӯстии халқҳо (наздикии Пивзавод).

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.9705 сомонӣ;

1 евро – 7.6599 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1035 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1939 – Интихоботи нахустин ба Шӯроҳои маҳаллии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи нав.

1954 – Ба Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон номи асосгузори адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ гузошта шуд.

1960 — Нахустин қатораи мусофирбар аз Маскав ба Сталинобод омад.

1973 — Таъсиси вилояти Кӯлоб.

2006 — Ҳукумати Тоҷикистон ба ҶСК «Газпром» барои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ дар майдонҳои нафту гази «Саргазон» ва «Ренгон» ду иҷозатнома дод.

2010 — Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли тамоку»-ро ба имзо расонид

1921-1990 – Зодрӯзи оҳангсоз ва дирижёр Усмон Мадёров.

1946 – Мавлуди журналист Бобоҷон Атобеков.

1947 – Зодрӯзи шоир Юсуфҷон Аҳмадзода.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -9-14, рӯзона 0-5; дар шарқ шабона -24-29, рӯзона -8-13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -2+3. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.     

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона -0+2, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -12-14, рӯзона -3-5.