Вакилони палатаи поёнии парлумон аз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди шаҳрвандӣ» ҷонибдорӣ намуданд. Ин тағйирот ба танзими ҷараёни интихоби ном барои тифлони навзод аз ҷониби волидони тоҷикашон нигаронида шудааст.
Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод изҳор намуд, ки мутобиқи меъёрҳои тағйирот, ба тифлон гузоштани номҳое, ки шаъну эътибори инсонро паст мезанад, манъ карда мешавад. «Масалан, ба тифлони навзод гузоштани номҳое чун Санг, Сафол, Зоғ, Гург ва ғайра манъ карда мешавад», - иброз дошт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, тағйирот ҳамчунин барои ба тартиб овардани ном, номи падар ва фамилияи шаҳрвандон низ равона гардидааст. «Айни замон ин раванд худ ба худ сурат мегирад. Зимни ивази фамилияҳо шаҳрвандони мо аксар вақт тибқи расму оини миллӣ чунин номҳое мегузоранд, ки дар фаҳмидани кадоме аз онҳо ному кадоме номи падар ва фамилия буданаш кас ба мушкил дучор мешавад», - қайд кард вазир.
Вазири адлия зикр кард, ки аз ин ба баъд истифодаи лақаб дар ҳуҷчатҳои расмӣ дар ҷумҳурӣ манъ карда мешавад.
Хотиррасон шуд, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумат дар ҳамдастӣ бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ рӯйхати ягонаи номҳои тоҷикиро таҳия месозанд, ки минбаъд номгузории тифлони миллати аксари кулли кишвар (тоҷикон) мутобиқи он сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, барои шаҳрвандони миллати дигар, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд, имтиёзҳо пешбинӣ шуда, онҳо метавонанд мутобиқи расму оин ва фарҳанги худ барои тифлашон ном интихоб кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста