Анонс

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ раҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон барои журналистон нишасти матбуотӣ барпо мекунад. Оғоз соати 09-00;

- КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» аз рӯи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 нишасти хабарӣ баргузор менамояд. Оғоз соати 09-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.3492 сомонӣ;

1 евро – 7.9460 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.10 4 0 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1912 — Дар Санкт-Петербург Китобхонаи аввалини давлатии оммавӣ кушода шуд.

1939 — Дар Тоҷикистон нахустин пойгоҳи зилзиласанҷии «Душанбе» ба кор даромад.

1959 — Дар пойтахти Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатии XII-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

2004 — Дар Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.

2010 — Вазорати энергетикаи ҶТ лоиҳаи аз ҷониби паймонкори кулли лоиҳа - ширкати чинии CTEAS пешниҳодшуда дар бораи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод-1»-ро маъқул шуморид.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда,шабона боришот (борон, барф), рӯзона аксаран бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона 0+5.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф начандон зиёд меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -6-11, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -18-23, рӯзона -9-14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -1+4. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.     

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона -1+1.