Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он аз ин ба баъд шаҳрвандони синни то 40-солаи ҷумҳурӣ ба сафари ҳаҷ рафта наметавонанд.
Роҳбари Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳусейн Шокиров ин маълумотро ба «Азия-Плюс» тасдиқ кард.
Ӯ изҳор намуд, ки ҳамин тариқ дар навбати аввал ба насли нисбатан калонсоли тоҷикистониён имкон дода мешавад, ки маросими ҳаҷро адо намоянд.
Муддати чандин сол аст, ки Арабистони Саудӣ шумори квотаҳои адои маросими ҳаҷ барои кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро кам мекунад. Бо ин сабаб аксари афроди калонсол имкон надоранд, ки маросими ҳаҷро адо нмоянд. «Акнун барои адои маросими ҳаҷ ва ҷомаи амал пӯшидани орзуи дерина барои калонсолон имкони бештар пайдо мешавад», - иброз дошт Шокиров.
Соли гузашта шумори квотаҳои адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён 6,3 ҳазор нафарро ташкил дода буд. Арзиши адои маросими ҳаҷ дар соли гузашта ба 3 ҳазору 600 доллари ИМА баробар буд.
Дар ҳамин ҳол, моҳи апрели соли 2015 Кумитаи дин дар бораи манъи сафари ҳаҷ барои шаҳрвандони то синни 35-солаи Тоҷикистон қарор қабул карда, тамоми афроде, ки тирамоҳи соли гузашта ба зиёрати Хонаи Худо рафта буданд, синнашон аз 35-сола боло буд. Акнун маҳдудияти синнусолӣ аз ҷониби ҳукумат то 40-солагӣ боло бардошта шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста