Анонс

- Агентии стнадартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон  аз рӯи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 нишасти хабарӣ баргузор менамояд. Оғоз соати 09-00;

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ раҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои журналистон нишасти матбуотӣ барпо мекунад. Оғоз соати 09-00;

- Соати 10-00 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба муносибати имзои созишнома бо низоми пардохти VISA International нишасти матбуотӣ доир мегардад;

- Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2015 нишасти хабарӣ доир мегардад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.3792 сомонӣ;

1 евро – 8.0345 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1040 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1941 — Дар Бадахшони Кӯҳӣ, наздикии маркази вилоят – шаҳри Хоруғ нерӯгоҳи обӣ-барқии Помир ба истифода дода шуд.

1943 — Анҷоми сохтмони Пентагон – бинои маъмурии бузургтарин дар ҷаҳон (604 ҳазор метри мураббаъ).

1962 — Дар тамрингоҳи Семипалатинск (Қазоқистони Шарқӣ)-и ИҶШС бори нахуст таркиши зеризаминии ядроӣ гузаронида шуд.

2001 — Президент Эмомалӣ Раҳмонов Қарор «Дар бораи давра ба давра кӯчонидани оилаҳои ҷавон аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиёну Бешкенти вилояти Хатлон»-ро ба имзо расонид.

2002 — Дар пойтахти Тоҷикистон сафоратхонаи Ҷопон кушода шуд.

2010 — Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар шаҳри Душанбе барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат мактаби омӯзиши суфтакунии сангҳои нимагаронбаҳо боз кард.

1962 — Зодрӯзи Давлатов Нусратулло Муқимович, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, шабона ва субҳгоҳон дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф борида, туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -1+4.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -6-11, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -18-23, рӯзона -9-14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, шабона ва субҳгоҳон дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф борида, туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона -1+1.