Аввали соли равон Русия вуруди 333 ҳазору 391 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави кишварашро манъ кард. Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон маълумот медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нисбати онҳо Маскав вуруд ба қаламрави Русияро манъ кардааст, дар тамоми зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар саросари кишвар дастрас аст ва ҳамаи хоҳишмандон қабл аз сафар метавонанд бо он шинос шаванд.
Гуфта мешавад, соли гузашта мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон 36 ҳазору 292 тоҷикистониёнро огоҳ кардаанд, ки вурудашон ба Русия манъ аст ва аз сафар худдорӣ намоянд.
Хадамоти муҳоҷират хотирррасон менамояд, ки соли гузашта 552 ҳазору 596 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 64 ҳазору 667 нафарашон занон мебошанд, кишварро ба хотири муҳоҷирати корӣ тарк кардаанд. Чун пештара аксари муҳоҷирони кории тоҷик Русия (541 ҳазор)-ро барои муҳоҷират интихоб карда, қисмате ба ин хотир ба Қазоқистон (11 ҳазор) низ сафар мекунанд.
Зимнан зикр мегардад, ки соли гузашта ҳудуди 389 ҳазор нафар, ки 40,6 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд, аз муҳоҷирати корӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста