Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода изҳор намуд, ки тақрибан 90%-и сарояндагон дар Тоҷикистон уҳдадориҳои худ оид ба пардохти андозро иҷро намекунанд.
«Чанде қабл рӯйхате ба дастам расид, ки дар он сарояндагони андозро пардохткарда номбар шудаанд. Дар ин рӯйхат аксари сарояндагоне, ки мо ҳамарӯза дар оинаи нилгун мебинем, зикр нашудаанд», - гуфт Давлатзода зимни нишасти хабарии рӯзи 25 январ дар Душанбе.
Тибқи ҳисобу китоби ӯ, дар рӯйхат тақрибан 90%-и овозхононе, ки мунтазам ҳунарнамоии онҳоро метавон дар телевизион тамаошо кард, зикр нашудаанд.
Роҳбари Кумитаи андоз қайд кард, ки чунин шахсонеро, ки даромадҳои калон дошта, аз пардохти 200-300 сомонӣ барои патент саркашӣ мекунанд, дарк карда наметавонад.
Давлатзода аз ифшои ному насаби чунин сарояндагон худдорӣ варзида, зикр кард, ки «ба эҳсосоти касон дахолат карданӣ нест».
Ӯ таъкид дошт, ки ба мақомоти андози шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор дастур дода шудааст, ки масъалаи шахсони саркаш аз пардохти андозро ҳаллу фасл намоянд.
Давлатзода изҳор дошт, ки мақомоти андоз дар ин масъала ба мушкилиҳои зиёд дучор мешаванд. «Ҳамаи ин мушкилот ба менталитет ва фарҳангу маданияти чунин сарояндагон вобаста аст. Мо бояд дар доираи қонунгузорӣ зиндагӣ ва кор карданро омӯзем», - афзуд раиси Кумитаи андоз.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста