Муовини роҳбари ҳайати Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Тиэ Тамура дар ҳамроҳӣ бо муовини раиси ноҳияи Ёвон Зумрад Умматзода рӯзи 26-уми январи соли 2016 дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №58 дар деҳаи “Навобод”-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов» ширкат варзиданд. Дар ин маросим, ба ғайр аз ҳузури кормандони мақомот, инчунин падару модарон, талабагон ва аъзои дигари ҷамоати мазкур иштирок доштанд.
Бино ба иттилои сафорати Ҷопон дар ҶТ, лоиҳа тавассути Ҳукумати ноҳияи Ёвон амалӣ гардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ” (GGP) маблағгузорӣ гардид.
Гуфта мешавад, маблағи умумии лоиҳа 92 ҳазору 70 доллари ИМА-ро ташкил дода, ин иқдом бо мақсади беҳтар намудани муҳити таълимӣ ва низоми бақайдгирии талабагон амалӣ гардид.
Бинои мактаби нав аз ҳашт синфхона, хонаи муаллимон, утоки директор ва китобхона иборат аст. Феълан мактаб метавонад тақрибан 200 нафар толибилмон ва 20 омӯзгорро бо фазои хуби омӯузиш ба таври назаррас таъмин намояд. Ҳамчунин ҳукумати маҳаллии ноҳияи Ёвон мактабро бо толори варзишӣ ва таҷҳизоти нав, аз қабили миз, курсӣ ва тахтаҳои синфӣ муҷаҳҳаз гардонид.
Дар маросими мазкур, хонум Тиэ Тамура дар бораи аҳамияти лоиҳаҳои GGP дар рушди Тоҷикистон суханронӣ намуда, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон-Сафаралӣ Собиров ба ҳукумати Ҷопон барои муосидат ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон миннатдории самимии хешро изҳор намуд.
Маросими анчом ёфтани лоиҳа аз саҳми Ҳукумати Ҷопон дар таҳкими таҳсили босифат дар Тоҷикистон дарак медихад. Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.
Кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад.
Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 346 лоиҳаро ба маблағи умумии $28 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста