Тӯли соли гузашта шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қариб 14% кам шуд.
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба ҳолати нимаи соли гузашта беш аз 862,3 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали соли 2015 дар қаламрави ин кишвар беш аз 999,1 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Шумори мардон - шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия тайи соли ахир ҳамагӣ ба миқдори 14,3% (аз 817 ҳазор дар аввали соли 2015 то ба 700 ҳазор дар аввали соли 2016) ва занон - шаҳрвандони Тоҷикистон ба миқдори 11,5% (аз 182 ҳазор то ба 161 ҳазор) кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, соли гузашта 552 ҳазору 596 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 64 ҳазору 667 нафарашон занон мебошанд, кишварро ба хотири муҳоҷирати корӣ тарк кардаанд. Чун пештара аксари муҳоҷирони кории тоҷик Русия (541 ҳазор)-ро барои муҳоҷират интихоб карда, қисмате ба ин хотир ба Қазоқистон (11 ҳазор) низ сафар мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ҳудуди 389 ҳазор нафар, ки 40,6 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд, аз муҳоҷирати корӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста