Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати васеи корӣ баргузор намуд, ки дар он ҷараёни иҷрои нақша ва барномаҳои қабулшудаи мақомоти шаҳрдорӣ дар робита ба таври шоиста пешвоз гирифтани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, зимни машварат М.Убайдуллоев дастур додааст, ки ҷараёни иҷрои барномаи ҳукумати шаҳр дар бораи шинонидани 1 млн. гулҳои лолаи голландӣ дар боғу хиёбон ва гулгаштҳои Душанбе таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад.
Раиси пойтахт таваҷҷуҳи хадамоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои пойтахтро ба тақвияти тадбирҳои назорати санитарӣ дар шаҳр ва саривақт берун бурдани партовҳои маишӣ аз шаҳр ҷалб намудааст.
Ҳамчунин М.Убайдуллоев дастур додааст, ки ҷиҳати ҷалби кадрҳои ҷавон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти пойтахт тадбирҳои муассиср андешида, дар ҳамин ҳол ба раҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳр дастур дода шудааст, ки то 15 феврал сардухтурони бемористон ва дармонгоҳҳоеро, ки ба синнусоли нафақа расидаанд, ботантана ба истироҳати шоиста гусел намоянд.
Раиси пойтахт дар масъалаи таъмини бозорҳои шаҳр бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия ва пешгирии болоравии нарх ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас додааст. Директори КВД «Бозори Саховат» Давлат Саидов аз мансабаш барканор шудааст.
Ҳамчунин раиси пойтахт аз ҳамаи ҳозирин риояи қатъии ҷараёни амалисозии Нақшаи генералии шаҳрро тақозо намуда, дар ин робита зикр кардааст, ки дар ҷойи бозори фурӯши автомашинаҳо дар маҳаллаи Гипрозем варзишгоҳи муосири футбол бо 25 ҳазор ҷойи нишаст сохта мешавад.
Ғайр аз ин, қайд шудааст, ки боғи фарҳангу истироҳати «Дӯстии халқҳо» навсозӣ шуда, дар ҷои бозорҳои амалкунандаи «Ганҷина» ва «Панҷшер» маҷмааи меъмории «Истиқлолият» қомат меафрозад ва боғи ҳайвонот ба қаламрави беруни шаҳр бароварда шуда, дар маҳаллаи Зарафшон дар қаламрави 2,5 гектар маркази «Меҳри модар» бо кӯдакистони муосир бунёд мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста