Анонс

- Дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардида, дар он расман санаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули тағйирот ба Конститутсия эълон мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8398 сомонӣ;

1 евро – 8.8143 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1001 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1962 – Анҷумани III-юми оҳангсозони Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

2004 – Миёни Тоҷикистону Афғонистон Созишнома «Дар бораи сохтмон ва истифодаи пул тавассути рӯдхонаи Панҷ» ба имзо расид.

2012 — Дар шаҳри Хуҷанд ташкилоти нави ҷамъиятии «Ваҳдати ҷавонон» ба кор оғоз намуд.

2014 — Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон Маркази миллии тестӣ аз тобеъияти Вазорати маориф ва илм хориҷ шуда, ба Муассисаи давлатии назди президенти ҶТ табдил дода шуд.

2015 — Гулрухсор Рофиева, ҳамширафи шафқати тоҷики машғули кор дар Яман пас аз асорати қариб чормоҳа дар қабилаи Ҳариқдон озод карда шуд.

1913 – Зодрӯзи оҳангсоз Насим Пӯлодов.

1914 – Мавлуди актёри кино Зоҳир Дӯстматов, иҷрокунандаи нақши судхӯр Қорӣ-Исмат дар кинофилми «Марги судхӯр».

1936 – Зодрӯзи шоир ва публитсист, Корманди шоистаи Тоҷикистон Алӣ Бобоҷон.

1940 – Мавлуди рассом, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Сайфиддин Шералиев.

1941 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев.

1941 – Мавлуди муаррих Абдукабир Гадоев.

1948 – Зодрӯзи сароянда Қурбон Содиқов.

1952 – Мавлуди журналист Нарзулло Латифов.

1956 – Зодрӯзи журналист, котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

1965-2015 – Мавлуди журналист Акбаралӣ Сатторов, муассис ва роҳбари медиа-холдинги «Чархи гардун».

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад, баъзан боришоти шадид.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад, баъзан боришоти шадид.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -3+2.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -12-17, рӯзона -2+3; дар шарқ шабона -26-31, рӯзона -10-15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад, баъзан боришоти шадид.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -4+1. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад, баъзан боришоти шадид.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +2+4.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад, баъзан боришоти шадид.   

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона 0+2.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад, баъзан боришоти шадид.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +0+2.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.

Ҳарорат: шабона -12-14, рӯзона 0-2.