Ташкилоти экологии «Замини Хурд» (Маленькая Земля) бо дастгирии Фонди норвегии ҳифзи табиат дар бораи ҳаёти деҳоти дурдасти кӯҳӣ дар водии Бартанги Помир як филми кӯтоҳмуддати мустанадро наворбардорӣ кард.
Дар иттилоияи ин ташкилоти ғайриҳукуматӣ дар ин робита зикр мегардад, ки шароити номусоиди табиати кӯҳистони баланд, вазъи маишии вазнин, захираҳои маҳдуд, дурӣ аз шаҳрҳои бузург ва наздикӣ ба кӯли хатарноки Сарез - воқеияти ҳамарӯзаи сокинони водии Бартанг мебошад.
«Соҳои тӯлонӣ онҳо дар ҳаммоҳангӣ бо табиат дар сарзамини аҷдодии худ зиндагӣ доштанд, лекин истифодаи ғайриоқилонаи захираҳо ва босуръат буридаву несту нобуд шудани дарахту растаниҳо барои ҳезум, ба аз байн рафтани низомҳои экологии нозук оварда расонида, бе ин ҳам вазъи мушкили деҳоти кӯҳиро душвортар карданд», - омадааст дар иттилоияи ташкилоти мазкур.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста