Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки 10 феврали соли равон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул ва ба Райъпурсии умумихалқӣ пешниҳод шудааст, мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод доир ба ин масъала ибрози назар намуда, мазмуну моҳияти тағйиротҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия ва зарурати қабули онҳоро ба ҳозирин шарҳ дод.
Ба райъпурсии умумихалқӣ пешниҳод шудани тағйир у иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун руйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар арзёбӣ гардида, аз ҷониби ҳозирин якдилона тарафдорӣ карда шуд.
Ба прокуророни вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ба онҳо баробаркардашуда дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар маҳалҳо ба аҳолӣ фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои тағйиротҳои ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда чорабиниҳои васеи ташвиқотиро роҳандозӣ намоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста