Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аввали ҳафта бо иштироки васеи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои марбутаи шаҳрию худфаъолияти ҷамъиятӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон, бартараф кардани монополия дар навъҳои ҷудогонаи фаъолияти соҳибкорӣ ва пешгирии ба таври сунъӣ болоравии нархҳо дар бозорҳои пойтахт баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар машварат қайд шуд, ки нархи чойи хушк беасос боло рафта, дар робита ба ин М.Убайдуллоев ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар бозору мағозаҳо дастрасии шаҳрвандон ба маълумот дар бораи кишвари истеҳсолкунанда, сертификати мутобиқат, санҷиши лабораторӣ ва масрафоти воридотии маҳсулот таъмин карда шавад.
Раиси пойтахт ба роҳбарони сохторҳои шаҳрдории пойтахт ҷиҳати баланд бардоштани интизоми меҳнатӣ ва бартараф кардани санҷишҳои беасос дар тамоми субъектҳо дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин М.Убайдуллоев дар ҷаласа нақшаҳои шаҳрдориро нисбати омодагиҳо ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи пойтахт дақиқ намуда, аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки дар партави вусъати тадбирҳои оммавии ободонию созандагӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, баргузории ҳадафмандонаи чорабиниҳои зикршударо мувофиқ ба талаботи сатҳи пойтахт ҳамаҷониба таъмин созанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста