Тайи соли ахир шумори аҳолии Тоҷикистон 2,3% ё худ қариб 192,8 ҳазор нафар афзуда, ба аввали соли равон 8 млн. 547 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта афзоиши нисбатан бештари шумори аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 2,6%-ӣ баробар аст. Ба аавали соли шумори аҳолии вилояти Хатлон - 3 млн. 48 ҳазор ва ноҳияҳои тобеи марказ - 1 млн. 971 ҳазор нафарро ташкил додааст. Мутаносибан соли гузашта шумори аҳолии вилояти Хатлон - 77,2 ҳазор нафар ва ноҳияҳои тобеи марказ - 49,9 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Дар ҳамин ҳол, шумори аҳолии вилояти Суғд дар соли гузашта 2,2% (54 ҳазор нафар) афзуда ба аввали соли равон 2 млн. 508 ҳазор нафарро ташкил додааст. Тайи соли ахир шумори аҳолии пойтахт 13,7 ҳазор нафар (1,7%) афзуда, тибқи маълумоти оморӣ, ба санаи 1 январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе 802 ҳазор нафар кору зиндагӣ мекардаанд.
Соли гузашта дар Тоҷикистон афзоиши нисбатан камтари шумори аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудааст, ки ба 1,2% баробар аст. Соли 2015 шумори аҳолии ВМКБ ҳамагӣ 2,6 ҳазор нафар афзуда, ба аввали соли равон 217 ҳазор нафарро ташкил додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста