Дар кӯчаи Соҳилии пойтахт, паҳлӯи бозори «Султони Кабир» аквапарки болояш пӯшида сохта мешавад.
Тавре аз Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, лоиҳаи маҷмааи аквапарк аз ҷониби ширкати лоиҳакашии «Архпроект» таҳия гардида, сармеъмор Баҳром Юсуфов ва фармоишгар - соҳибкор Авазхон Кабиров мебошанд.
Дар озмуни эълоншуда оид ба интихоби лоиҳаи беҳтарини маҷмаа 12 корхонаи лоиҳакашӣ ширкат варзида, ҳакамони озмун тариқи овоздиҳии пинҳонӣ лоиҳаи «Архпроект»-ро беҳтарин эътироф намуданд. Ҳамаи иштирокчиён ҳар кадоме бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонӣ ва ғолиби озмун бо мукофопулӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуда, ба таҳияи асноди кории лоиҳаи аквапарк ҳуқуқ пайдо кард.
Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба Авазхон Кабиров барои лоиҳакашӣ ва сохтмони бинои истеҳсолӣ бо 500 ҷойи корӣ (корхонаи дӯзандагӣ) ва бунёди аквапарк қитъаи замин ҷудо карда шуд.
Гуфта мешавад маҷмааи нави аквапарк бо риояи тобишу анъанаҳои миллии шарқӣ бунёд гардида, ба талабот ва меъёрҳои муосир ҷавобгӯ хоҳад буд.
Тарҳ (эскиз)-и аквапарки оянда




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста