Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати омодагӣ ба сазовор пешвоз гирифтани Иди Наврӯз фаввораҳои шаҳр пеш аз мӯҳлат фаъол карда мешаванд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шаҳрдории Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи кории худ, ки бо иштироки масъулини мақомоти давлатӣ ва фаъолон доир гашт дастур дод, ки аз санаи 15 марти соли равон тамоми фаввораҳои шаҳр фаъол карда шаванд.
Ҳамзамон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин рӯз боз як фаввораи нави замонавӣ дар мавзеи «Панҷшанбе» ба истифода дода мешавад. Ба ин муносибат баргузории чорабинии хосса пешбинӣ гаштааст, ки ширкати роҳбарияти шаҳр дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки давоми мавсими сармо кормандони «Қитъаи фаввораҳо»- назди Сарраёсати ободонӣ хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд таъмиру омода намудани фаввораҳои шаҳрро ба мавсими имсола шурӯъ намуда буданд. Барои сари вақт анҷом додани корҳои таъмир тармим ва санҷиши ҳолати коршоямии фаввораҳои шаҳр бештар аз 10 нафар кормандону мутахассисони ин муассиса корҳои омодагиро аз қабили рангубордиҳӣ, ташхиси обкашҳои барқӣ, ноқилу чароғакҳои ранга ва тоза намудани ҳавзу обравҳои онро ба анҷом расонданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шаҳри Хуҷанд 25 фаввора мавҷуд буда, баробари ба истифода додани фаввораи нав дар мавзеи «Панҷшанбе» теъдоди он ба 26 мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста