Анонс

- Дар филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ-технологӣ (Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав, НИТУ МИСиС) дар шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо сафорати Русия ва раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар мавзӯи «Зодаи фронт дар Ленингради муҳосирашуда» (давраи ҶБВ солҳои 1943-1945) маърӯзаи таърихӣ хонда шуда, дар бораи роҳи ҷангии пойгоҳи низомии 201-ум филми мустанад намоиш дода мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8696 сомонӣ;

1 евро – 8.6345 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1035 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1931 – Таъсиси ноҳияҳои Ғарм (феълан Рашт) ва Ҷиргатол.

1932 — Таъсиси пойгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон.

1957 – Оғози кори Анҷумани II-юми хабарнигорони коргару деҳқони Тоҷикистон.

2009 — Парлумони ҶТ тағйироту илова ба қонун «Дар бораи маориф»-ро қабул кард, ки мутобиқи он дар муассисаҳои таълимӣ истифодаи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) манъ карда шуд.

2010 — Дар Душанбе 56 аъзои созмони динии ифротгарои «Ҷамоати Таблиғ» маҳкум шуданд.

2012 — Зимни мулоқот бо намояндагони ВАО бахшида ба 100-солагии нашри шумораи нахусти газтеаи «Бухорои шариф» президент сабук кардани ҷазо барои туҳматро пешниҳод намуд.

1934 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Шодон Ҳаниф.

1937 – Мавлуди овозхон, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Улфатмоҳ Маҳмаданбарова.

1941 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Подабон Зоҳиров.

1944 – Мавлуди журналист, арбоби давлатӣ Хӯҷааҳмад Хидиралиев.

1945 – Зодрӯзи рассом-монументалист Валимат Одинаев.

1947 – Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бобоҷон Ҳасанов.

1949 – Зодрӯзи адиб Мирзо Насриддин.

1953 – Мавлуди кимиёшинос Муҳаммадҷон Раҳимов.

1957 – Зодрӯзи журналист Неъматулло Солеҳов.

1967 – Мавлуди сароянда Соҳибназар Саидов.

1968 – Зодрӯзи адабиётшинос Фахриддин Ҳайдаров.

1978 — Мавлуди журналист Зебо Тоҷибоева.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +12+15.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +15+20.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +10+15; дар шарқ шабона -13-18, рӯзона 0+5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона+12+15.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +11+13.