Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намоиш ва муаррифии навъҳои гуногуни гулҳо, ки дар гулхонаҳои вилоят парвариш карда мешаванд, баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар чорабинӣ муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои манзилию коммуналии шаҳру навоҳӣ ҷиҳати шиносоӣ бо навъҳои гул ва муассисаҳову соҳибкорони гулпарвари вилоят ширкат варзиданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳи гулҳо раиси вилоят ва меҳмонони чорабинӣ бо навъу намуди гулҳои аз ҷониби гулхонаҳо ва соҳибкорони гулпарвар пешниҳодшуда шинос гардиданд. Навъҳои «петуния», «тагетс», «марҷонгул», «вербана», «астра», «лола», «катарантус», «магнолия», «селозия» ва гулҳои бисёрсолаи хонагӣ аз ҷумлаи маҳсулоти зебоиофари намоишгоҳ буданд.
Ҷоиз ба қайд аст, ки имрӯзҳо дар гулхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 2,3 миллион гулҳо парвариш карда мешаванд ва имрӯз наздик 500 ҳазор гулҳои гуногун ба намоиш-фурӯш гузошта шуд. Барои гулзор намудани вилоят муассисаҳои гулпарвар омодаанд, ки маҳсулоти хешро пешниҳод созанд.
Дар баробари шиносоӣ бо намуди гулҳо барои иштирокчиёни чорабинӣ тарзу усули шинонидани гулҳо дар мавзеъҳои гуногун ба таври амалӣ аз ҷониби мутахассисон намоиш дода шуд. Бояд гуфт, ки гулкорӣ кардан низ санъат аст ва дар ин маврид бояд тамоми хусусиятҳои он, аз ҷумла мутобиқати рангу бӯй ва табиати гулҳо ба инобат гирифта шавад. Намояндагони масъули шаҳру навохӣ дар ин чорабинӣ бо соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои гулпарвар ҷиҳати харидории гулҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда шартномаҳо баста, аз ин иқдоми роҳбарияти вилоят изҳори мамнуният карданд.
Чорабинии мазкур инчунин дар доираи Барномаи вилоятии “Соли 2016 - соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод” рӯи кор омада, гулзор намудани ҳудуди вилоят дар «Соли фарди солим» бешубҳа барои таъмини муҳити тозаву озода ва тароватбахш заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста