Дар маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода Иди матбуот таҷлил гардид, ки дар он собиқадорони соҳа, журналистону хабарнигорон, роҳбарони воситаи ахбори оммаи шаҳру вилоят ва намояндагии расонаҳои марказӣ ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода ҳозирин ва тамоми кормандони расонаҳои иттилоотиро бо ин санаи неки касбӣ табрик намуда, саҳми эҷодкорон ва журналистонро дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ муҳим ва назаррас баҳогузорӣ намуд.
«Яке аз ин рукнҳои муҳими устувории давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлолмамон ин арзи ҳастӣ намудани расонаҳои гуногуни иттилоотӣ буда, изҳори назару андешаҳои бунёдкорона ва созанда тариқи ин минбари омма аст», - иброз дошт ӯ.
Ҳамчунин раиси шаҳри Хуҷанд ба иштирокдорони ин чорабинӣ доир ба нақшаю дурнамои ҳукумати шаҳр ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ва корҳои ободонию созандагӣ сӯҳбат намуд.
Тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба наздики 60 нафар журналистон ва кормандони воситаи ахбори омма тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Аз номи журналистон ва иштирокдорони ин чорабинии идона мухбири махсуси газетаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ барои таваҷҷӯҳу қадрдонӣ ба давлату ҳукумат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста