Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 15-16 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад.
Бино ба иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа аз фаъолияти агентиҳои иттилоотии ИДМ дар соли 2015 натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои ҳамкорӣ дар соли равон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Гуфта мешавад, зимни ҳамоиш баррасии масоили ҳамкориҳои хадамоти аксбардории агентиҳо ва омодагӣ ба ҷашни 25-умин солгарди Иттиҳод ( моҳи декабр) дар назар буда, атрофи ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштарак табодули назар сурат мегирад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар кори ҷаласа раиси Шӯрои иттилоотии ИДМ, директори генералии ТАСС, роҳбарони агентиҳои давлатии итттилоотии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Русия ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок мекунанд.
Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 ноябри соли 1995 тибқи Созишномаи кишварҳои узви ИДМ таъсис дода шуда, инъикоси равандҳои ҳамгиройӣ дар Иттиҳод барои аҳолии кишварҳо аз вазифаҳои муҳими он ба шумор меравад. Дар доираи фаъолият ба масъалаҳои азхудкунии медиатехнологияҳои нав ва ҳамкорӣ дар шароити ба таври густурда ҷоришавии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста