Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи таҷлили ҷашни Наврӯз дар пойтахтро ба имзо расонид.
Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, субҳи барвақти рӯзи 21 март ҳангоми тулӯъи офтоб дар боғи Ғалабаи пойтахт мушакпарронӣ (фейерверк) сурат мегирад.
Ба иттилои манбаъ, таҷлили бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе 21 март тавассути «Корвони наврӯзӣ» бо карнайнавозону доирабадстон аз маҳаллаҳои «Бадахшон»-и ноҳияи Шоҳмансур, «Кӯҳдоман»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, «Лучоб»-и ноҳияи Сино, шаҳраки 23 ноҳияи Фирдавсӣ ба самти маҷмааи Наврӯзгоҳ оғоз гардида, соати 10-30 дар ин ҷо чорабинии асосии шаҳрӣ -консерти устодони санъат ва ҳунарнамоии намояндагони ҳамаи ноҳияҳои пойтахт доир мегардад.
Тибқи қарори қабулшуда, рӯзи 22 март дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғати Душанбе сайругаштҳои оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт ва консертҳо баргузор мешаванд. Дар ин рӯз дар маҷмааи Наврӯзгоҳ мусобиқаҳо оид ба гуштии миллӣ доир гардида, ҷоизаи асосӣ автомашинаи сабукрав хоҳад буд.
Санаи 23 март иди Наврӯз дар сатҳи ноҳияҳои шаҳр ҷашн гирифта шуда, дар маҷмааи Наврӯзгоҳ пойгаҳои аспдавонӣ баргузор мешаванд ва ҷоизаи асосии ин мусобиқот аспи зотии даванди тоҷикӣ аст. Рӯзи 24 март дар тамоми шаҳр чорабиниҳои оммавии кабудизоркунӣ гузаронида мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста