Дар раддабандии ҳамасолаи кишварҳои хушбахти дунё ( World Happiness Report ) Тоҷикистон дар мақоми 100-ум ҷой гирифтааст. Соли 2015 Тоҷикистон дар зинаи 106-уми ин рейтинг қарор дошт.
Рейтинг аз ҷониби коршиносони Шабакаҳо ҳамчун тавсия зимни қабули қарор дар соҳаи рушди устувор барои СММ таҳия шудааст.
Чандин сол аст, ки Дания пешсафи ин раддабандӣ буда, ҳамроҳи он Швейтсария, Исландия, Норвегия, Финландия, Канада, Нидерланд, Зеландияи Нав, Австралия ва Шветсия ба 10-гонаи кишварҳои хушбахттарини дунё шомиланд.
Дар ин рейтинг ИМА дар зинаи 13-ум, Олмон - 16-ум, Британияи Кабир - 23-юм, Франсия - 32-юм ва Русия - мақоми 56-ум ҷой гирифтаанд.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон мақоми 49-ум, Қазоқистон - 54-ум, Туркманистон - 65-ум ва Қирғизистон - зинаи 85-умро ишғол кардаанд.
Кишвари бадбахттарини дунё давлати Бурунди дар Африқои Шарқӣ (зинаи охирини 157-ум) дониста шуда, ҳамчунин Сурия (зинаи 156-ум), Того (155-ум) ва Афғонистон (154-ум) дар ҷойҳои охирини рейтинг қарор гирифтаанд.
Муаллифони гузориш тақрибан миёни 3 ҳазор нафар дар ҳар як кишвар назарсанҷӣ гузаронида, аз пурсидашудагон дархост кардаанд, ки аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳо ба ҳаёти худ баҳогузорӣ кунанд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола санаи 20 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии хушбахтӣ (International Day of Happiness) ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн 12 июли соли 2012 аз ҷониби Маҷмаъи Умумии СММ эълон шудааст.
Моҳияти ҷашн дар он ифода меёбад, ки майлу хоҳиш ба некӯаҳволии хубтар барои ҳамаи сокинони сайёра умумӣ аст. Ташаббускори ҷорӣ шудани ин рӯз давлати Шоҳигарии Бутан мебошад. Ин пешниҳод бидуни овоздиҳӣ аз ҷониби 193 кишвари узви СММ дастгирӣ ёфта буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста