Аз 15-ум то 17-ми марти соли ҷорӣ Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) курси омӯзишии сатҳи ҷумҳуриявиро оид ба бемории сил барои хабарнигорони маҳаллии телевизион, радио ва матбуоти чопӣ дар Тоҷикистон доир намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, курси мазкур аз ҷониби Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар ҳамкории зич бо Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» ташкил гардида, ба мӯҳлати се рӯз баргузор гардид.
Барнома ба понздаҳ нафар хабарнигорон ҷиҳати сайқал додани дониши худ марбут ба бемории сил имконият фароҳам оварда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба таҳия намудани гузоришҳои дақиқ дар бораи эпидемиология, ташхис, муолиҷаи бемории сил ва коҳиш додани доғдоркунӣ, ки одатан дар робита бо бемории сил сурат мегирад, ҷалб намуд. Иштирокчиён нақши васоити оммаи ахборро дар пешгирӣ намудани бемории сил, аз ҷумла зоҳир намудани таҳаммул нисбат ба шахсони ба бемории сил осебпазир ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳли ҷомеа дар бораи бемории мазкур мавриди таҳқиқ қарор доданд.
Бо мақсади васеъ намудани доираи фарогирӣ, Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои кормандони расонаҳои хабарӣ ва хабарнигорони вилояти Суғд курси минтақавии омӯзиширо доир менамояд. Пас аз анҷоми омӯзиши мазкур, барнома озмуни гузориши беҳтарини васоити ахбори оммаро дар бораи бемории сил дар Тоҷикистон эълон менамояд.
Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил - барномаи панҷсола бо маблағи 13,2 миллион доллари ИМА буда, дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва водии Рашт бо мақсади коҳиш додани талафоти бемории сил ва паҳн намудани шакли ба доруворӣ мутобиқгаштаи он дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
USAID созмони пешсафи Ҳукумати ИМА мебошад, ки дар якҷоягӣ бо мардуми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо мусоидат менамояд. Аз соли 1992 инҷониб, USAID беш аз 360 миллион доллари ИМА-ро ба барномаҳои кӯмакрасон ҷиҳати дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ҷудо намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста