Дар Тоҷикистон қариб ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернет, аз ҷумла операторони мобилӣ дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Facebook, ВКонтакте ва видеохостинги Youtube-ро таъмин намуданд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд, ки аз дастрас шудани сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз шомгоҳон огаҳ шудаанд. Хабари дастрас шудани сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ корбаронро хурсанд кард, зеро барои истифодаи прокси ва VPN ҷиҳати дастрасӣ ба сомонаҳо қисмати зиёди трафик масраф мегардид.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи сентябр, рӯзи оғози исёни генерали Вазорати мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ комилан қатъ гардида буд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки зимни нишасти хабарӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 Хадамоти алоқа даст доштани худ дар қатъ гардидани дастрасӣ ба сомонаҳоро инкор карда буд. Аз ҷумла муовини сардори Хадамоти алоқа Татяна Холмуродова дар ин робита изҳор намуда буд, ки онҳо барои қатъ гардинаи дастрасӣ ба сомонаҳо ҳеҷ дастуре надодаанд.
«Касе мегӯяд, ки Хадамоти алоқа ба бастани сомонаҳо дастур додааст, оё ягон тасдиқи ҳуҷҷатӣ ба ин гуфтаҳояшро дорад? Бигзор нишон диҳанд. Ягон шаҳрванд дар бораи баста шудани сомонаҳо шикоят накардааст, аз ин рӯ, ба гардани Хадамоти алоқа бор кардани ин гуноҳ дурӯғи маҳз аст», - таъкид дошта буд Холмуродова.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста