Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия оид ба муҳоҷират шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон Бозорбой Бобохонов, ки муддати тӯлонӣ аз беморӣ азият мекашид, ҷиҳати табобати минбаъда ба ватан фиристода шуд.
Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои ба ватан фиристодани муҳоҷири бемор бародараш Солеҳ Бобохонов ба намояндагӣ муроҷиат кардааст.
Бародари муҳоҷири бемор иброз доштааст, ки Бозорбой Бобохонов бо дастгирӣ ва маблағи ҷамъовардаи муҳоҷирони кории тоҷики шаҳри Подолск дар бемористони ин шаҳр ҷарроҳӣ шуда, ҳамчунин кормандони сафорати Тоҷикистон ва намояндагӣ ба аёдати ӯ рафтаанд.
«Бо исрори табибон ба ватан фиристодани Бозорбой то беҳтар шудани вазъи солимиаш мавқуф гузошта шуда, танҳо 15 март табибон ба интиқоли ӯ ба Тоҷикистон иҷозат доданд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки бо мусоидату дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Русия, намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин кишвар ва намояндаи расмии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» шоми 16 март Бобохонов Бозорбой ҳамроҳи бародараш тавассути хатсайри Маскав-Душанбе ба ватан фиристода шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста