Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати меҳмонони вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии муовини аввали мэрии шаҳри Ӯш Замирбек Аскаровро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, зимни мулоқот Р.Аҳмадзода зикр намуд, ки таърихи робитаи серҷабҳаи ин ду бародаршаҳр, Хуҷанд ва Ӯш барои рушди бемайлони ин ду маркази маъмурии вилоятҳои сернуфузи кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид фароҳам оварда, намунаи ҳамкории судмандро дар содироти маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ ва масолеҳи сохтмон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Бодкон ва Ӯш мушоҳида намудан мумкин аст.
Дар навбати худ меҳмонон ҳавасмандии худро доир ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ ва таъсиси коргоҳҳои муштарак бо коргоҳҳои «Файзи Расул», Ассотсиатсияи «Кедр» ва дигар ширкатҳои сохтмонию истеҳсолӣ изҳор намуданд.
Бо истифода аз фурсат муовини аввали мақомти шаҳрдории Ӯш Замирбек Аскаров раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба таҷлили «Рӯзи шаҳри Ӯш», ки ҳамасола моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад, даъват намуд. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста